Абдулло Абдулло барои иштирок дар маросими расмии татбиқи Лоиҳаи «СASA-1000» вориди Душанбе шуд

Май 11, 2016 20:25

Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон Абдулло Абдулло имрӯз ҷиҳати иштирок дар маросими расмии татбиқи Лоиҳаи «СASA-1000»  вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе шуд.

Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» меҳмони олимақомро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки дирӯз дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Афғонистон таъкид шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои соҳаҳои энергетика ва рушди зерсохтори нақлиётиву транзитӣ ва амалӣ кардани тарҳи дорои аҳамияти минтақавии CASA-1000 имконияти интиқоли ҳаҷми зиёди нерӯи барқро ба Афғонистон фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон соли гузашта ба Афғонистон қариб 1 миллиарду 200 миллион ва тайи 4 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 250 миллион киловатт-соат нерӯи барқ интиқол дод.

Май 11, 2016 20:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад