Агентии обуҳавошиносӣ: «Рӯзҳои наздик ҳавои бебориш дар назар аст»

Май 24, 2016 16:03

Душанбе, 24.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии    ҳавошиносон   рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, 25-26 май дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳии минтақаи шимолӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва дар водиҳо ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад.
Дар водиҳои вилояти Хатлон шабона 18-23, рӯзона 31-36 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд  ҳаво шабона 16-20, рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш низ  дар назар аст. Ҳарорати ҳаво  шабона 12-14, рӯзона 30- 32 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст .Ҳарорат  шабона 11-16 дараҷа, рӯзона то 28-33 дараҷа мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар ғарб шабона 7-12, рӯзона 21-26; дар шарқ шабона -1+4, рӯзона 11-16 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.

Май 24, 2016 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд