Ғалабаи навбатии “Истиқлол”
Душанбе, 6.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар бозии марказии даври панҷуми Чемпионати мамлакат “Хуҷанд”-и Хуҷанд пешсафи мусобиқот ва чемпиони се соли охири Тоҷикистон- “Истиқлол” –и Душанберо дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд қабул кард. Ба “Истиқлол” муяссар гардид, ки дар нимаи дуввуми рақобат тавассути голҳои задаи Петро Ковалчук( 67) ва Аҳтам Назаров(83) бо натиҷаи 2:0 ғолиб омада, соҳиби се имтиёз гардад.
Баъди ин пирӯзӣ “Истиқлол” бо 15 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. “Хуҷанд” бо 9 хол дар зинаи дуввум ҷойгир шудааст ва мавқеаш то анҷоми даври 5 ноустувор аст. Агар дар ин давр 7 май “Хайр” бар “Регар ТадАЗ” ва ё “Ҳосилот” бар “Парвоз” ғолиб оянд, он гоҳ «Хуҷанд»ду зина поён мефарояд.
Дар даври панҷум 8 май “Барқчӣ” бо КМВА “Помир”ва “Равшан” бо “Вахш” вориди майдон мешаванд.








Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад






