Ғалабаи сеюми пайдарпаи «Севиля» дар Лигаи Аврупо

Май 19, 2016 10:54

Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар вохӯрии ниҳоии Лигаи Аврупо шоми дирӯз дастаҳои «Ливерпул»-и Англия ва « Севиля»-и Испания дар варзишгоҳи «Санкт-Якоб Парк»-и шаҳри Базели Швейтсария  бо ширкати бештари мухлисони «Ливерпул» вориди рақобат шуданд ва бозӣ бо пирӯзии «Севиля» бо ҳисоби 3 бар 1 ба анҷом расид.
Ду мураббии мӯъҷизаофар-Юрген Клопп ва Унаи Эмерӣ ба мухлисон спектакли ҳақиқии нонавиштаи бозии ниҳоиро пешниҳод карданд, ки ҳаловаташ дер боз аз хотири мухлисони футбол зудуда нахоҳад шуд.
«Ливерпул» баъди  голи Даниэл Стариҷ дар нимаи аввал ба сафи пеш баромад ва бо ҳамин як гол дастаҳо ба танаффус рафтанд.
Сармурабии «Севиля» Унаи Эмери ба футболбозонаш дар танаффус чӣ гуфт, онро аз бозии нимаи дуввум эҳсос кардан мумкин буд. Услубу тактикаи бозӣ тамоман тағйир ёфта буд. Дар сонияҳои аввал Кевин Гамейро натиҷаро ба мусовӣ кашид ва ду голи Коке «Севиля»-ро пайдарпай ба гирифтани Ҷоми лигаи Аврупо мушарраф гардонид.
Ин ғалаба  имкон дод, ки бори аввал дар таърихи ин бозиҳо як даста се маротиба паси ҳам ин ҷоизаро ба даст орад ва соли оянда ба қатори иштирокдорони Лигаи чемпионҳои Аврупо шомил шавад.

Май 19, 2016 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд