Амалисозии меъёрҳои байналмилалии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Амалисозии стандартҳои байналмилалии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамо»-таҳти ин унвон имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон суҳбати «мизи мудаввар» баргузор шуд.
Ноиби ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров зикр сохт, ки истифодаи самараноки стандартҳои байналмилалии аудит барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Мирзохонов дар мавзӯи «Муаммоҳои стандартҳои байналмилалии аудит ва коркарди стандартҳои миллии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон ба коркарди стандартҳои миллӣ ниёз дорад. Кишвари мо бояд узви Федератсияи байналмилалии муҳосибӣ гардад ва ҳаққи узвият супорад.
Валимад Мавлонов — сармутахассиси Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва робитаҳои байналмилалии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мақсадҳои асосии аудитори мустақил ва гузаронидани аудит тибқи стандартҳои байналмилалӣ» изҳор дошт, ки ҳадафи асосии таъсиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон самарабахшии идоракунӣ дар кишвар мебошад.
Имрӯз аз ҷониби ин мақомоти олии назорати молиявӣ 8 меъёри миллӣ дар ҳоли коркард қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






