Ҳамоиши ҷавонон ба хотири истиқболи ҳамаҷониба аз раъйпурсӣ дар Хоруғ

Май 17, 2016 13:55

Хоруғ, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони Исмоили Сомонӣ бо ширкати беш аз ҳазор нафар ҷавонони шаҳри Хоруғ ҳамоиш баргузор шуд.
Сардори бахши вилоятии кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёхӣ Расо Раҷабов гуфт, ки аз рӯзҳои нахусти эълони раъйпурсӣ мо як гурӯҳи махсусро аз ҳисоби ҷавонони таҳсилдида, сиёсатшиносу ҳуқуқдон таъсис дода, онҳоро ба шаҳру ноҳияҳо фиристодем. Имрӯз дар ин майдон ҳамоиш баргузор кардем, то ҳарчӣ бештар шаҳрвандон, бахусус ҷавононе, ки бори аввал овоз медиҳанд, бо шароити раъйпурсӣ ошно шаванд ва ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ оид ба санаи баргузорӣ ва тарзи овоздиҳӣ тақдим мекунем.
Дар ҳудуди вилоят 8 комиссияи ҳавзавии раъйдиҳӣ ва 276 участкаи интихоботӣ мавҷуд аст, ки аллакай ба қабули овоздиҳандагон ба таври комил омода ҳастанд.

Май 17, 2016 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад