Ҷангиёни Афғонистон мубодилаи маҳбуси ба асорат афтодаи «Толибон»-ро талаб карданд
Душанбе, 30.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Ҷангиёне, ки Ваҳидулло Бекзод- муовини сардори идораи амнияти дар музофоти Қундузи шимолу шарқии Афғонистонро ба асорат гирифтаанд, омодаанд ӯро бо Қорӣ Салим, ки дар давоми як амалиёти махсус дар шаҳристони Хонобод дар охири моҳи апрел дастгир шуда буд, иваз кунанд.
Наздикони афсар дар шабакаи иҷтимоӣ аксеро, ки дар он ифротгароён таппончаро ба чаккаи вай мондаанд, ба маъраз гузоштаанд. Наздикони афсар ба сарвари давлат ва мақомоти давлатӣ дар Афғонистон бо хоҳиши кумак барои озодии ӯ муроҷиат намудаанд. Масъули амалиёти низомии экстремистон дар музофоти шимолу шарқии Қундуз Салим ва чор тобеи ӯ аз ҷониби сохторҳои Артиши миллӣ шаби 25-уми апрел дар ҳудуди шаҳристони Хонобод дастгир карда шуданд. Дар ҷараёни як амалиёти махсуси неруҳои ҳукуматӣ чаҳор низомии дигар аз тобеони Салим ҷароҳат бардоштанд
28 май дар ҳудуди шаҳристони Хонобод дар масири Қундуз- Тахор дар роҳи нақлиёт ҷангиён камин ихтиёр карданд, ки дар натиҷа, муовини сардори идораи амнияти Қундуз Ваҳидулло Бекзод дастгир шуд.
Дар ин ҳамла як корманди милиса, ки Бекзодро ҳамроҳӣ мекард, кушта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






