Ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “D”-и Осиё ҷойгиранд

Май 4, 2016 10:48

Душанбе, 4.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қуръакашии бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футбол байни футболбозони то 19- сола, ки дар шаҳри Манамаи Баҳрайн аз 13 то 30 октябри соли равон баргузор мешаванд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон якҷоя бо дастаҳои мунтахаби Чин, Австралия ва Узбекистон ба гурӯҳи  “D” шомил шуд.

Футболбозони мо бозии аввали худро дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити» 15 октябр бо тими мунтахаби Узбекистон барпо мекунанд. Дар даври дуввуми рақобатҳо тоҷикистониён бо  дастаи мунтахаби ҷавонони Чин (16 октябр) ва дар бозии охирини гурӯҳӣ бо Австралия (21 октябр)   вориди майдон мешаванд. Ду вохӯрии охирин дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн сурат мегиранд.

Ба ҳамин тартиб баъди қуръакашӣ гурӯҳҳо чунин муайян шуданд:

Гурӯҳи «А»: Баҳрайн, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.

Гурӯҳи «В»: Кореяи Шимолӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Ветнам.

Гурӯҳи «С»: Қатар, Ҷопон, Яман, Эрон.

Гурӯҳи «D»: Узбекистон, Чин, Австралия, Тоҷикистон.

Ду дастаи беҳтарини  гурӯҳҳо дар давраҳои минбаъда муборизаро барои  ноил шудан ба роҳхати Чемпионати ҷаҳон дар ин синн идома медиҳанд.

Ҳамеша аз Осиё чаҳор даста ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон мераванд, вале имсол агар мизбони Чемпионати ҷаҳони соли 2017 Кореяи Ҷанубӣ миёни дастаҳои Осиё ба ин чоргона ҳамроҳ шавад, он гоҳ дастае, ки дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё -2016 ҷойи панҷумро мегирад, соҳиби роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон -2017 хоҳад шуд.

 

Май 4, 2016 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид