Ба Вафо Назаров Ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» супорида мешавад

Май 12, 2016 15:19

Душанбе, 12.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рассоми машҳури тоҷик Вафо Назаров ба дарёфти Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» («Звезды Содружества») барои соли 2015 ноил гардид.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Вафо Назаров зикр намуд, ки пас аз шунидани ин хушхабар вуҷудамро эҳсоси фараҳмандӣ фаро гирифт, аз он ки ҳамчун фарзанди ин Ватан имконият пайдо намудам ҳунару санъати миллатамро ба дигарон пешниҳод созам ва ба ин васила бигӯям, ки тоҷикон миллати куҳанбунёд ва дорои таъриху фарҳанги қадимӣ ҳастанд.
-Мукофоти ман мукофоти мардуми шарифи Тоҷикистон аст,- гуфт Вафо Назаров ва афзуд, ки ба қарибӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус бо мақсади гирифтани Ҷоиза, ки маросими супоридани он 11 июни соли равон сурат мегирад, азми сафар дорам.
Хотиррасон менамоем, ки ин ҷоиза дар се бахш — илму маориф, фарҳангу ҳунар ва ҳамчунин фаъолияти гуманитарӣ тақдим гардида, аз мукофотпулӣ (2 млн. рубл), ифтихорнома, нишони фахрии ҷоизадор ва шаҳодатнома ба он иборат аст.
Вафо Назаров Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ, академики Академияи рассомии Тоҷикистон мебошад.
Ба дарёфти Ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» 12 номзад аз 8 кишвари ИДМ довталабӣ намуда, ҳайати ҳакамон 8 нафар гирандагони ҷоизаро муқаррар намуданд. Соли равон барои дарёфти ин ҷоиза аз Қирғизистон — 3, аз Русия — 2, аз Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон ва Молдова — 1 нафари номзад ва аз Тоҷикистон 2 нафар, ҳамчунин гурӯҳи муаллифони Боғи марказии ботаникии Беларус пешбарӣ шудаанд.

Май 12, 2016 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст