Бардошти соҳибкорони ватанӣ аз ҷаласаи XIV Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои СААД

Май 22, 2016 14:32

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа зимни  ҷаласаи XIV Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ бо соҳибкорони ватанӣ  суҳбати озоду ошкор намуд.

Н.Бордюжа иброз дошт, ки дар Тоҷикистон имрўз барои фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби Президенти мамлакат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки метавон бемамониат дар ин роҳ қадами устувор гузошт. Соҳибкорон аз ин гуфтугуи озоду  самимӣ истиқбол намуда, барои боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти соҳибкорӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ дар кишвар ва он имкониятҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи саноат ва соҳибкорӣ  дар мамлакат муҳайё шудаанд, пурра истифода хоҳанд кард.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз  18 то 20 май  дар Душанбе ҷаласаи XIV Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии раиси Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ,  Муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Рогозин,  Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ва  вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур ҳайатҳои Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа 10 масъала баррасӣ гардида, дар доираи он қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Инчунин Протоколи ҷаласа аз тарафи Раиси Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия  Д.Рогозин  ба тасвиб расид.

Дар ҷараёни ҷаласаи номбурда ҳамкорӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти саноати мудофиавӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва  ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иштирокдорон ба мувофиқа расиданд, ки соли оянда ҷаласаи навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор хоҳад гашт.

 

 

 

 

 

Май 22, 2016 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад