Бардошти соҳибкорони ватанӣ аз ҷаласаи XIV Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои СААД
Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа зимни ҷаласаи XIV Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ бо соҳибкорони ватанӣ суҳбати озоду ошкор намуд.
Н.Бордюжа иброз дошт, ки дар Тоҷикистон имрўз барои фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки метавон бемамониат дар ин роҳ қадами устувор гузошт. Соҳибкорон аз ин гуфтугуи озоду самимӣ истиқбол намуда, барои боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти соҳибкорӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ дар кишвар ва он имкониятҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат муҳайё шудаанд, пурра истифода хоҳанд кард.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 18 то 20 май дар Душанбе ҷаласаи XIV Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии раиси Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Рогозин, Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ва вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ҳайатҳои Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа 10 масъала баррасӣ гардида, дар доираи он қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Инчунин Протоколи ҷаласа аз тарафи Раиси Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Д.Рогозин ба тасвиб расид.
Дар ҷараёни ҷаласаи номбурда ҳамкорӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти саноати мудофиавӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иштирокдорон ба мувофиқа расиданд, ки соли оянда ҷаласаи навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор хоҳад гашт.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






