Барои беҳтарин ҳунарнамоӣ 5 ҳазор сомонӣ мукофот тақдим мешавад

Май 25, 2016 11:55

Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду инкишофи санъати миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав дар доираи Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмуни вилоятӣ гузаронида мешавад.
Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят аз моҳи июни соли 2016 оғоз гардида, озмун дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ  ҷмъбаст карда мешавад. Ҳар як шаҳру ноҳия барномаҳои фарҳангии худро рӯзҳои истироҳатии шанбе ва якшанбе дар Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд дар ҳузури аъзои ҳакамон пешкаши ҳозирин мегардонанд.
Дар Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирокчиён намоиши ҳунарҳои миллии мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиро бо ҷалби чеҳраҳои нав ва аҳли санъату ҳунари шаҳру ноҳияҳо доир менамоянд.
Ба ғолибон аз 2 то 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Май 25, 2016 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад