Беш аз 200 кило бангдонаи худрўй дарёфт ва мусодира гардид
Душанбе, 30.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани амалиёти Кӯкнор-2016, аз ҳудуди заминҳои бекорхобидаи назди хоҷагии деҳқонии Дӯстӣ-и ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ 20 ҳазор бех ниҳоли худрӯйи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд. Мувофиқи маълумотномаи ташхисӣ ниҳолҳои дарёфтшуда, намуди бангдонаи худрӯй буда, вазнашон 48 килою 500 грммро ташкил медиҳад.
Худи ҳамон рӯз, кормандони милитсия ҳамчунин аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии С.Урунхуҷаев-и ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров 130 ҳазор бех ниҳоли худрӯйи бангдона дарёфт ва мусодира намуданд, ки вазни умумиашон 153 килою 200 граммро ташкил медиҳад.
Дар давраи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2015» оид ба ҳодисаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор 441 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд, ки аз онҳо 8-то бо моддаи 204 КҶҶТ (Парвариши ғайриқонунии зироати дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда) ва 3-то бо моддаи 205 КҶҶТ (ташкил ё нигаҳдошти фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) банду баст шуданд. 142 ҳодисаи рӯидани буттаҳои худрӯи бангдона ошкор шуд ва онҳо бо роҳи даравидан ва минбаъд ба таври сӯзонидан нобуд карда шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






