БМТ маъмурияти муваққатии Тоҷиксодиротбонк- ро таъйин намуд

Май 19, 2016 12:03

Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 48, 49 ва 50-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК Тоҷиксодиротбонк ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он бо қарори навбатии худ аз 18 маи соли равон дар бонки мазкур маъмурияти муваққатӣ ба муҳлати то се моҳ таъйин намуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, мутобиқи қарори қабулшуда ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи сохторҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК Тоҷиксодиротбонк тадбирҳои зарурӣ андешад.

Май 19, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш