Дар Ашт Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов таъсис дода мешавад

Май 11, 2016 16:41

Душанбе, 11.05.2016./АМИТ«Ховар»/. Бо мақсади нигаҳдории хусусияти хоси маданияти театрӣ ва рушди ин санъати асил «Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» дар ноҳияи Ашт таъсис дода мешавад.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд, тибқи қарори раиси вилояти Суғд аз 6 майи соли 2016 Оиннома ва ҷадвали басти воҳиди кории Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар ноҳияи Ашт тасдиқ гардида, сохтори театр аз маъмурият, ҳайати бадеӣ, ҳайати эҷодӣ, ҳайати бадеӣ-техникӣ ва ҳайати техникӣ иборат буда, дар он 60 воҳиди корӣ таъсис дода шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 марти соли равон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Ашт пешниҳод намуда буд, ки Қасри мазкур ба театри касбӣ табдил дода, ба он номи ҳунарманди маъруф Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шавад.

Май 11, 2016 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад