Дар Боғи Ирам бахшида ба Рӯзи ҷавонон «Шоми ҷавонӣ» доир мешавад

Май 23, 2016 12:03

Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 1998 то имрӯз ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 май ҳамчун  Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати таҷлили Рӯзи ҷавонон тасмим гирифтааст, ки барномаи фарҳангӣ- фароғатии «Шоми ҷавонӣ»-ро таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25- соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» дар муассисаи давлатии «Боғи Ирам» доир намояд.
Ба иттилои Дилноза Аҳмадзода, сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Кумита то имрӯз бахшида ба 20 рӯзи ҷавонон  якчанд чорабинии мухталифро  дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ баргузор намуд. Ҳамчунин баргузории барномаи фарҳангӣ- фароғатии «Шоми ҷавонӣ» дар Боғи Ирам аз 3 бахш иборат буда, дар қисмати аввал озмуни  мусаввирони ҷавон, намоишҳои варзишӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ  ба нақша гирифта шудааст. Дар  қисмати дуюм роҳпаймоии ҷавонон доир шуда, ниҳоят дар бахши охир дар  Амфитеатр бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи консертӣ доир мегардад.

Май 23, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад