Дар «Боғи Ирам» «Шоми ҷавонӣ» бошукӯҳ таҷлил гардид
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Шоми ҷавонӣ» таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» баргузор гардид.
Яке аз иштирокдорони чорабинии фарҳангӣ-фароғатии «Шоми ҷавонӣ» Ганҷина Сайфидинова, муаллимаи литсейи дӯзандагии шаҳри Душанбе доир ба ин чорабаинӣ чунин гуфт: «Пеш аз ҳама ман фахр мекунам, ки зодаи даврони истиқлол ҳастам ва ифтихор аз он дорам, ки ҳамчун як ҷавон дар ин чорабинӣ молҳои дасти худ ва шогирдонамро, аз қабили қуроқдӯзӣ ва зардӯзӣ ба маърази намоиш гузоштаам».
Бояд зикр кард, ки дар қисмати аввал озмуни мусаввирони ҷавон, намоишҳои варзишӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар қисмати дуюм роҳпаймоии ҷавонон доир гардид.
Дар қисмати сеюм дар Амфитеатр бо иштироки ҳунармандони шинохта, аз қабили Нигина Амонқулова, Шаҳроми Абубакр, Фахриддини Малик ва чандеи дигар барномаи ҳунарӣ доир гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






