Дар Гулистон ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ 8 коргоҳ фаъол гардид
Гулистон, 04.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри барқчиёни вилояти Суғд — шаҳри Гулистон то ин дам 8 коргоҳи истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли кабел, маҳсулоти хӯрокворӣ, қаннодиву нонпазӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ба фаъолият шурӯъ карданд.
Тавре аз Хадамоти иттилоотии шаҳри Гулистон Рустам Одизода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар давраи семоҳаи аввали соли равон ба иқтисодиёти хоҷагии халқи шаҳр ба андозаи 125,7 млн. сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб карда шуданд, ки аз он 64,0 млн. сомонӣ сармояи хориҷӣ ва 61,7 млн. сомонӣ сармояи дохилӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳрӣ дар арафаи рӯзҳои таҷлили ҷашни 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба истифода додани боз 5 корхонаи нав пешбинӣ гардидааст.
Коргоҳи истеҳсоли хокаи мис ва нуқра дар заминаи ҶДММ «Шӯҳрат-2005» бо ташкили 58 ҷойи нави корӣ, коргоҳи коркарди мева бо иқтидори 7,2 тонна бо ташкили 10 ҷои корӣ, коргоҳи истеҳсоли мебел бо ташкили 14 ҷои корӣ, комплекси парвариши чорвои калони шохдор бо иқтидори истеҳсоли 500 кг гӯшт дар як моҳ, коргоҳи истеҳсоли орд бо ташкили 8 ҷои нави корӣ ва ҳамчунин як ошхонаи миллӣ дар маркази шаҳр аз ин шуморанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






