Дар натиҷаи офатҳои табиӣ оилаҳои муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ низ зарар диданд
Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова аз деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Лолазор ва Даштикони ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич дидан намуд.
Зимни мулоқот бо сокинони деҳаҳои мазкур, ки дар он ҷо 18 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ низ зиндагӣ менамоянд, маълум гардид, ки 14 майи соли равон дар натиҷаи омадани сел қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, қисман хонаҳои истиқоматӣ ва захираҳои маводи рӯзгор, ки дар таҳхонаҳо нигоҳ дошта мешуданд, зери лойқа мондаанд.
Дар айни замон дар ин мавзеъҳо корҳои безараргардонӣ аз ҷониби маркази санитарию эпидемиологии ноҳия ҷараён доранд.
Инчунин сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба оилаҳои муҳоҷирони аз офати табиӣ зарардида ба ташкилотҳои ҷамъиятию ғайридавлатӣ муроҷиат намуд.
Сокинон ва зарардидагон боварӣ доранд, ки бо дастгирии давлату Ҳукумат ва соҳибкорону саховатмандон, дар маҷмӯъ, аҳли ҷомеа оқибатҳои офати табиӣ ба зудӣ бартараф мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






