Дар натиҷаи офатҳои табиӣ оилаҳои муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ низ зарар диданд

Май 20, 2016 12:08

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сардори  Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова аз деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Лолазор ва Даштикони ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич дидан намуд.
Зимни мулоқот бо сокинони деҳаҳои мазкур, ки дар он ҷо 18 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ низ зиндагӣ менамоянд, маълум гардид, ки 14 майи соли равон дар натиҷаи омадани сел қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, қисман хонаҳои истиқоматӣ ва захираҳои маводи рӯзгор, ки дар таҳхонаҳо нигоҳ дошта мешуданд, зери лойқа мондаанд.
Дар айни замон дар ин мавзеъҳо корҳои безараргардонӣ аз ҷониби маркази санитарию эпидемиологии ноҳия ҷараён доранд.
Инчунин сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба оилаҳои муҳоҷирони аз офати табиӣ зарардида ба ташкилотҳои ҷамъиятию ғайридавлатӣ муроҷиат намуд.
Сокинон ва зарардидагон боварӣ доранд, ки бо дастгирии давлату Ҳукумат ва соҳибкорону саховатмандон, дар маҷмӯъ, аҳли ҷомеа оқибатҳои офати табиӣ ба зудӣ бартараф мешаванд.

Май 20, 2016 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад