Дар Суғд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба картингронӣ доир гардид
Хуҷанд, 31.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи техникии «Формула-К»-и шаҳри Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба картингронӣ баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ Ховар аз кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд иттилоъ доданд, чорабинии мазкур ба 25-солагии таъсиси ташкилоти мазкур ва 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шуда, он бо иштироки дастаҳои ин ташкилот дар шаҳру ноҳияҳои марказ ва шимоли кишвар дар доираи барномаи тарбияи ҳарбӣ- ватанпарастӣ ва рушди намудҳои варзиши ҳарбию амалӣ байни ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ роҳандозӣ гардид.
Мақсади чунин иқдом- бедор намудани завқу шавқи ҷавонон нисбат ба техника, рондани воситаҳои техникии калонҳаҷм ва омода намудани онҳо ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ танҳо дар вилояти Суғд варзиши картингронӣ рушду равнақи густурда дошта, дар он барои тамрини варзишгарон имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар мусобиқа беш аз 50 картингрон аз дастаҳои варзишии ТҶММ вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғон-теппа, Сарбанд, ноҳияи Ёвон, ҳамчунин дастаҳои вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ва ноҳияи Рашт, ки бори аввал ширкат варзиданд, аз рӯи 4 намуд — навъи варзишии МИНИ, ЮНИОР, С-2 ва МИЛЛӢ байни ҳам сабқат карданд.
Дар интиҳои мусобиқа дар ҳайати даставӣ ҷои аввал ва Ҷоми мусобиқаро варзишгарони дастаи Кумитаи ТҶММ вилояти Суғд соҳибӣ карданд. Ҷои дувум насиби картингронони дастаи шаҳри Душанбе ва ҷои севум насиби варзишгарони Хатлон гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






