Дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 7 июн ба анҷом мерасанд

Май 17, 2016 11:49

Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 7 июни соли 2016 ба анҷом мерасанд.
Тавре ки котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсони Хушбахт ба АМИТ Ховар хабар дод, дар асоси ин фармоиш баргузории аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 8 июн то 14 июни соли 2016, аттестатсияи хатми синфҳои 9 аз 9 то 21 июни соли 2016 ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 8 то 24 июни соли 2016 дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин тибқи фармоиши мазкур сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷадвали аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми муассисаҳои таҳсилоти умумиро як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия тасдиқ намуда, муҳлати гузаронидани аттестатсияи такрорӣ (тобистона)-ро дар моҳи август муайян намоянд,-илова намуд Эҳсони Хушбахт.

Май 17, 2016 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе