ДДХ бо 92 медал дар Спартакиада мақоми аввалро соҳиб шуд
Душанбе, 4.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими ҷамъбастии Спартакиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии вилояти Суғд, ки як моҳ идома кард, натиҷагирӣ шуд.
Дар бозиҳои варзишии Спартакиада 506 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 177 нафар духтар аз 7 мактаби олӣ иштирок намуда, аз намудҳои баскетбол, дзюдо, гӯштингирӣ, гӯштини тарзи озод, футболи хурд, варзиши сабук, таэквандо, тенниси рӯи миз ва шоҳмот қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа ҷойи аввалро бо гирифтани 49 медали тилло, 27 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиб гардиданд. Бо гирифтани 13 медали тилло, 22 медали нуқра ва 28 медали биринҷӣ ҷои дуюм насиби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва бо гирифтани 10 медали тилло, 20 медали нуқра ва 30 медали биринҷӣ ҷои сеюмро донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ соҳиб шуданд.
Ба ғолибони Cпартакида ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






