Дилшод Назаров дар Ҷумҳурии Чех соҳиби ҷои дуюм шуд

Май 20, 2016 17:48

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик дар мусобиқаи Гран-При «Оstrava golden spike» дар Ҷумҳурии Чехия соҳиби медали нуқра гардид. Дар ин сабқат Дилшод гурзро ба масофаи 78,82 метр партофта, ҷойи дуввумро ба худ ихтисос дод. Ду варзишгари дигар Павел Файдек, аз Лаҳистон соҳиби мақоми аввал  ва  Маркел Ломнитски аз Словакия соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Дилшод Назаров, нахустин  варзишгари  тоҷик  мебошад, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Женейро  гардидааст. Ёдовар  мешавем, ки  гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Ҷамолиддинович Назаров  6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд  шудааст. Ӯ  барандаи  медали  нуқраи мусобиқоти қарамонии  ҷаҳон  дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001) мебошад.
Дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон (Инглистон) ҷойи 10-умро гирифтааст.

Май 20, 2016 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад