Директори оромгоҳи Хован ба пулис иқрор шуд, ки қафқозиҳоро барои муноқиша даъват кардааст
Душанбе, 20.05.2016/АМИТ Ховар/. Дар ҷаласаи судӣ оид ба парвандаи қазияи оромгоҳи Хован кормандони пулис тасдиқ карданд, ки директори собиқи он Юрий Чабуев худаш ба мардуми Қафқози Шимолӣ барои кумак дар «ҳалли масъалаи муҳоҷирон» муроҷиат кардааст, иттилоъ медиҳад «Интерфакс.
Хотиррасон мешавем, ки 14 май, баъди қазияи оромгоҳи Хован, ки боиси марги се шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷароҳат бардоштани 23 тани дигар шудааст, Чабуев аз вазифаи худ барканор шуд ва сипас чеҳраи парвандаи ҷиноятӣ гардид.
19 май баъди бозпурсии полис маълум гардид, ки Чабуев худаш барои ҳалли масъалаи «хориҷ намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ» ба қафқозиҳо муроҷиат намудааст.
Хотиррасон мешавем, ки дар аввал ин қазия дар ВАО ҳамчун низоъ дар пояи миллӣ пешниҳод гардид, вале дертар фарзияи молиявӣ, паҳн гардид. Ҳамин тариқ, маълум шуд, ки коргарони оромгоҳ асосан муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, маҷбур шудаанд барои пайдо кардани ҳуқуқи кор ба роҳбарият ҳақмузд диҳанд ё маблағи мушаххас пардозанд.
Вақте ки онҳо саркашӣ карданд, Чабуев барои ҳалли ин мушкилот ба қафқозиҳо рӯ овард.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






