Директори оромгоҳи Хован ба пулис иқрор шуд, ки қафқозиҳоро барои муноқиша даъват кардааст

Май 20, 2016 17:31

Душанбе, 20.05.2016/АМИТ Ховар/. Дар ҷаласаи судӣ оид ба парвандаи қазияи оромгоҳи Хован кормандони пулис тасдиқ карданд, ки директори собиқи он Юрий  Чабуев худаш ба мардуми Қафқози Шимолӣ барои кумак дар «ҳалли масъалаи муҳоҷирон» муроҷиат кардааст, иттилоъ медиҳад  «Интерфакс.
Хотиррасон мешавем, ки 14 май, баъди қазияи оромгоҳи Хован, ки боиси марги се шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷароҳат бардоштани 23 тани дигар шудааст, Чабуев аз вазифаи худ барканор шуд ва  сипас чеҳраи  парвандаи ҷиноятӣ гардид.
19 май баъди бозпурсии полис маълум гардид, ки Чабуев худаш барои ҳалли масъалаи «хориҷ намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ» ба қафқозиҳо муроҷиат намудааст.
Хотиррасон мешавем, ки дар аввал ин қазия дар ВАО ҳамчун низоъ дар пояи миллӣ пешниҳод гардид, вале дертар фарзияи молиявӣ, паҳн  гардид. Ҳамин тариқ, маълум шуд, ки коргарони оромгоҳ асосан  муҳоҷирони  кишварҳои Осиёи Марказӣ буда,  маҷбур шудаанд барои пайдо кардани ҳуқуқи кор ба  роҳбарият ҳақмузд диҳанд ё маблағи мушаххас пардозанд.
Вақте ки онҳо саркашӣ карданд, Чабуев барои ҳалли ин мушкилот ба қафқозиҳо рӯ овард.

Май 20, 2016 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид