Эълони озмуни навбатии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Май 17, 2016 11:56

Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба тавваҷҷуҳи корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои хизматрасонӣ ва соҳибкорон расонида мешавад, ки аз моҳи майи соли равон бо ташаббуси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни навбатии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур:
-дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ки маҳсулоти гуногуни босифат, рақобатпазир ва воридотивазкунанда истеҳсол мекунанд;
-мусоидат ба таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти баландсифат ва хизматрасониҳои рақобатпазир;
-муаррифии маҳсулот ва корхонаҳои беҳтарини ватанӣ мебошад.

Озмун аз рўи номгӯйҳои зерин гузаронида мешавад:
-маҳсулоти хўрокворӣ
-маҳсулоти саноатӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои халқӣ
-маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ

Инчунин:
-хизматрасониҳои нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ ва меҳмонхонаҳо

Барои дастрас намудани маълумоти лозимӣ оид ба ширкат дар озмун хоҳишмандон метавонанд ба комиссияҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, ки дар Агентии «Тоҷикстандарт» ва марказҳои вилоятии он воқеъ мебошанд, муроҷиат намоянд.

Суроғаи мо: ш.Душанбе, кўчаи Н. Қарабоев 42/2, тел: 233-68-69, 234-63-65

Вилояти Суғд: ш.Хуҷанд, кўчаи Ленин 47, утоқи 7, тел: 60-33-37

Вилояти Хатлон: ш.Қурғонтеппа, кўчаи Ваҳдат 23, тел: 3-61-68, 3-61-70

Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон: кӯчаи Ленин-139, тел: 29-32, 58-17

Шитобед! Дархостҳо барои иштирок аз 15 май то 15 июн қабул карда мешаванд.

Дастоварди шумо ифтихори кишвар аст!

Май 17, 2016 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд