Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, рушд ва проблемаҳои он

Май 26, 2016 16:44

Душанбе, 26.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Паҳлуҳои гуногуни  рушди ҳуқуқэҷодкунӣ  ва мушкилоти он  дар кишвар зимни баргузории конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ки 26 май дар Душанбе ба  ифтихори 25 -умин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҷумҳурӣ доир гардид, баррасӣ шуд.
Маҳмад Раҳимзода-директори  Маркази миллии  қонунгузориии назди Президенти  ҷумҳурӣ доир ба моҳият ва принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, қонуэҷодкунӣ, фаъолияти   мақомоти ҳуқуқэҷодкунӣ,  зинаҳои ташаккул ва рушду таҳаввулоти  он  дар солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд. Мавсуф зикр кард, ки марҳилаи кунунии  рушди  асосҳои   илмии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аз мо талаб менамояд, ки паҳлуҳои илмии фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро рушд дода,  зарурати танзими ҳуқуқии  муносибатҳои ҷамъитӣ ва оқибатҳои санадҳои меъёрии қабулкардашударо ба назар гирем.  Таъкид шуд, ки проблемаи  ташхиси  лоиҳаи қонунҳо,  масъалаи забони қонунҳо ва зарурати барпо намудани фарҳанги ягонаи истилоҳоти  фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бояд ҳал  карда шавад.
Таҳлили ҳаматарафаи ҷараёни қонунгузорӣ дар кишвар нишон медиҳад, ки аз соли   2000 то 2010 дар ҷумҳурӣ 330 қонуни мукаммал, то соли 2012-ум 340 ва то  соли 2014  беш аз  350  ва то нимсолаи соли 2016 ҳудуди 360 қонуни  мукаммал  аз ҷониби Парлумони кишвар қабул карда шудааст. Яъне аз ин бармеояд, ки мақомоти қонунгузории ҷумҳурӣ   дар муддати ҳар  сол зиёда аз сад қонун, тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ва ба тасвиб расонидани санадҳои байналмилалиро ба анҷом  расонида, қисми зиёди    ворид намудани тағйирот ба қонунҳои амалкунандаи кишвар рост меояд. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо ба  беҳтар намудани сифати қонунҳо равона карда шудааст. Ҷараёни имрӯзаи  давлатдории кишвар тақозо менамояд, ки   низоми мураттабсозии қонунҳо, аз ҷумла ба рушди катефикатсияи онҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.
Ҳамзамон зикр шуд, ки Консепсияи рушди қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ  бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳия ва қабул гардида буд, муҳлаташ ба анҷом расидааст. Маҳмад Раҳимзода зикр намуд,  ки  ҷараёни қонунгузорӣ нишон медиҳад, ки бо ҳар гуна асоси  начандон қобили қабул баъзе кодексҳои барои  ҳаёти ҷомеа зарур, ҳанӯз дар кишварамон қабул карда нашудааст. Ба мисли Кодекси бонкӣ, Кодекси экологӣ, зеро танҳо дар соҳаи бонкӣ беш аз 50 даструамалҳои  гуногун  амал намуда, дар қонунҳо мухолифат ҷой дорад. Таъкид шуд, ки агар ин раванд идома ёбад, дар оянда татбиқи меъёрҳо душвор мегардад.  Дар ин росто бояд ҷараёни рушди қонунгузории кишвар дар сатҳи муайян мавриди танзим  қарор дода шавад. Инчунин дар оянда дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи   кишвар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, он дурнамои рушди қонунгузории кишварро  муайян  месозад.
Дар конфронси ҷумҳуриявӣ кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти  кишвар, Парлумон, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, олимону коршиносон ширкат намуда, оид ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва қонунэҷокунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаккул ва проблемаҳо, мақомоти назорати конститутсионӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, иштироки прокурор дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таъсир ва истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ, назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар, иштироки мардум дар ҳуқуқэҷодкунӣ, масоили банақшагирии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва соири масъалаҳо ибрози назар карданд.
Дар анҷоми конфронс доир ба мавзӯъҳои матраҳгардида табодули назар сурат гирифта, ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар замони муосир ва ҳалли мушкилоти марбут ба он  рӯшанӣ андохта шуд. Инчунин барои рушд ва ҳалли мушкилоти марбут ба ҳуқуқэҷодкунӣ ва қонунэҷодкунӣ дар кишварамон аз ҷониби иштирокдорони  конфронс таклифу пешниҳодҳо ироа карда шуданд.

Май 26, 2016 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ИНТЕРНЕТИ ХОНАГӢ. Тамоми сол бе нигаронӣ ва бидуни пардохтҳои ҳармоҳа!