Гулистон: Баргузории мусобиқаи варзишӣ байни кӯдакону наврасон

Май 7, 2016 10:36

Гулистон, 07.05.2016 /АМИТ Ховар/. Бахшида ба 71-солагии Рӯзи Ғалаба ва ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд чемпионати кушоди даставӣ оид ба каратэ-до дар намуди годзю-рю байни кӯдакону наврасон доир гашт. Дар мусобиқоти мазкур, ки бо ташаббуси Федерасияи карате-до-и ҷумҳурӣ ва мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳри Гулистон баргузор гардид, зиёда аз 100 нафар кӯдакону наврасон ширкат намуданд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани мусобиқа ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба варзиш ва бурдани тарзи ҳаёти солим мебошад.
Тавре сардовари мусобиқа Темурхон Қаюмов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар мусобиқа кӯдакону наврасони аз синни 6 то 16 сола аз шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳраки Сирдарё иштирок намуданд.
Мусобиқаи варзишӣ тӯли ду рӯз давом карда, се ҷои ифтихорӣ насиби дастаи шаҳри Хуҷанд гардид.
Дар анҷом ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Май 7, 2016 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад