Хадамоти муҳоҷират дар Хатлон вохӯриҳои иттилоотӣ доир кард

Май 14, 2016 12:13

Душанбе, 13.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон якҷоя бо муовини раиси ноҳия, намояндаи шуъбаи иқтисоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ҷавонону муҳоҷирони меҳнатӣ ва наздикони онҳо вохўрии иттилоотӣ гузарониданд. Чунин вохӯриҳо дар ноҳияҳои Бохтару Вахш ва шаҳрҳои Қурғонтеппаву Сарбанд низ доир карда шуданд.
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев дар хусуси тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ибрози назар кард.
Зикр гардид, ки даромадан ва баромадан, убури транзитии қаламрави Федератсияи Русия аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ё дипломатӣ ба роҳ монда мешавад. Бинобар ин шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ азм мекунанд, бояд ба бахшҳои Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намуда, дар хусуси талаботҳо маълумоти зарурӣ гиранд. Ҳамзамон аз маҳзани ягонаи электронӣ гузаронидани шаҳодатномаҳои худ оид ба иҷозати ворид шудан ё нашуданашон ба қаламрави Русия маълумот бигиранд.

Май 14, 2016 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад