И.Қосимзода: Нисбат ба шахсияти якдигар эҳтиром бояд дошт
Душанбе, 31.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи эҳтиром нисбат ба шахсияти якдигар, ҳурмату эҳтиром нисбат ба аъзои оила ва эҳтиром нисбат ба калонсолон, собиқадорон ва фаъолони ҷомеа зимни мулоқоти раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо бо занони хонанишини маҳаллаҳои Дарвоз, Дӯстӣ, Ором, Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти кумита, мулоқот дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №17 — и ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумита Қосимзода И. Т. оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии занон ва ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, бегонапарастӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ҳарф зад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






