Игор Черевченко, ки Тоҷикистонро ватани аслии худ ва «Швейтсарияи Осиё» меномад, дар Душанбе қарор дорад

Май 31, 2016 18:34

Душанбе, 31.05..2016 / АМИТ «Ховар» /. Тарбиятгирифтаи футболи тоҷик-сармураббии «Локомотив»-и  Маскав Игор Черевченко имрӯзҳо дар Тоҷикистон қарор дорад. 30 май  ӯ аз  Академияи «Истиқлол» дар деҳаи  Алмосӣ дидан карда, он ҷо дар бозии фестивали минтақавии футболи АФК (U-14)  иштирок намуд.

Игор Черевченко барои мухлисии дастаи ҷавонони Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоии фестивал бо дастаи Ҳиндустон вохӯрд, омада буд.  Вохӯрӣ бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Игор Черевченко аз бозии  ҳамватанони ҷавони худ қаноатманд буд.

«Замини Тоҷикистон ҳамеша аз  истеъдодҳо бой буд. Мо бояд ба тарбияи ин истеъдодҳо бипардозем, ба онҳо кӯмак намоем ва ба онҳое, ки дар рушди футболи Тоҷикистон кӯмаки худро дареғ намедоранд, сипос гӯем»,- гуфт Игор Черевченко. Ҳоло Игор Черевченко ба ҳайси мураббии яке аз беҳтарин дастаҳои футболи Русия- «Локомотив»-и  Маскав, ки чемпиони чандинкарата ва ғолиби Ҷоми Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷоми Русия аст, фаъолият менамояд.

Igor-3Геннадйевич Черевченко 21 августи соли 1974 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Қадамҳои нахустинаш дар футбол аз мактаби варзишии Душанбе шуруъ шуда буд. Ӯ ҳамчун ҳимоятгар бозӣ мекард. Соли 1992 дар ҳайати «Помир» чемпиони кишвар ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гардид.

Соли 1996  Черевченко ба «Локомотив» даъват шуда, дар он ҷо ӯ бештар «сабзид» ва дар ҳайати «роҳиоҳанчиён»  чор дафъа Ҷоми Русия, се бор медали нуқра ва як дафъа медали биринҷиро ба даст овард.

Баъд аз анҷоми футболбозӣ Игор Черевченко ҳамчун мураббии  «Локомотив-Перово» фаъолият кардааст. Аз феврали соли 2008 ба ситоди  мурабиёни дастаи асосӣ шомил шуд.

Igor-221 майи соли 2015 ба ҳайси  иҷрокунандаи вазифаи сармураббии  асосӣ Игор Черевченко ҳамроҳи  «Локомотив» ғолиби Ҷоми Русия  гашта,   дар таърих аввалин касе буд, ки  ҳамчун бозингар ва мураббӣ ба чунин дастоварди арзанда  мушарраф шуд.

22 июни соли 2015 Игор Черевченко расман сармураббии «Локоматив» таъйин шуд.  Дар ин  бора ҳамон вақте огоҳӣ ёфт, ки дар шаҳри Душанбе қарор дошт. Қаблан дар вазифаи «мураббӣ»-и  тими  роҳи оҳани Маскав ду нафар аз дастаи «Помир»-Юрий Семин  ва Рашид Раҳимов кор мекарданд.  Дар омади гап, дар байни нафароне, ки соли гузашта номзадии  Игорро пешниҳод карданд,  Юрий Семин  ва Рашид Раҳимов низ буданд.  Дар мусоҳибае бо рӯзномаи «Азия -Plus» Игор ба ин муносибат гуфт: «Юрий Павлович мисли падарам аст. Ӯ  барои ман  ва  падари  ман бисёр хидмат кардааст. Бо шарофати вай он вақт мо дар Маскав ҷо ба ҷо шудем.  Ба Рашид Раҳимов сипос, ки маро соли 2008  ба ситоди  марказӣ гирифт  ва минбаъд   ман дар ин ҷо мондам».

Хотиррасон менамоем, ки Игор Черевченко 1-2 июн дар Душанбе мусобиқаи сеюми кӯдаконаро  ба  хотираи падари худ Геннадий Иванович Черевченко, собиқ капитани дастаи «Помир» (Душанбе) мегузаронад. Геннадий Черевченко дар замони худ ҳақиқатан яке аз шахсони содиқ ба футболи тоҷик буд. Он замон ӯро ба ЦСКА-и Маскав, «Kaрпати» (Лвов), «Пахтакор» (Тошканд) ва  дастаҳои дигар даъват карда буданд, вале ӯ ба клуби худ «Памир» содиқ монд.

Igor-CHerevchenko-2Шоми 2 июн  Игор Черевченко  ният дорад дар  бозии дастаҳои миллии Тоҷикистону Бангладеш, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати  20:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад, иштирок намояд. Ӯ дар ин бозӣ дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон-кишвареро, ки ӯ ватани аслии худ меҳисобад, мухлисӣ мекунад. Чанде қабл ба саволи хабарнигорони «Спорт-экспресс» ва «АП» дар бораи он, ки оё ӯ Тоҷикистонро ватани худ меҳисобад, ҷавоб дода буд: «Албатта. Ман ин ҷо таваллуд шуда, ба воя расидаам. Дар Русия ман ҳамеша ҷумҳурии худро васф карда, дӯстонро барои боздид аз Тоҷикистон ташвиқ менамоям, то ки онҳо низ аз  табиат ва ҳавои тозаи он лаззат бибаранд. Ман онро «Швейтсарияи хурди  Осиё» ном мебарам. Ман фахр  мекунам, ки дар ин кишвар таваллуд шудаам. Тоҷикистон — Ватани ҳақиқии  ман аст».

Май 31, 2016 18:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад