Ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва масоили консептуалии рушди давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ
Душанбе, 31.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 май дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ — амалии ҷумҳуриявии Ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва масоили консептуалии рушди давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ баргузор гардид.
Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар мавзӯи Истиқлоли сиёсӣ- таъмини пирӯзии миллат, мудири шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа Р.Ҳайдаров дар мавзӯи НБО — и Роғун ҳамчун омили геополитикии таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқ И.Буриев дар мавзӯи Масоили таърих, таъриф ва унсурҳои давлатдорӣ дар илми ҳуқуқ, муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Каримзода Карим Мазие дар мавзӯи Истиқлолиятхоҳӣ ва давлатдории миллӣ маърӯза карданд.
Кори конфронс дар бахшҳои фалсафаю сиёсатшиносӣ ва давлату ҳуқуқ идома ёфта, олимону унвонҷӯён бо муаррифӣ намудани манфиатҳо аз аҳамияти бузурги пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ ёдовар гардиданд. Ҳамчунин вобаста бо авзои сиёсии Осиёи Марказӣ дар иртибот бо омилҳои геополитикӣ ҳифз ва комил гардидани андешаҳои сиёсиву фалсафӣ баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






