Ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва масоили консептуалии рушди давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ

Май 31, 2016 15:37

Душанбе, 31.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31  май дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ — амалии ҷумҳуриявии Ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва масоили консептуалии рушди давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ баргузор гардид.
Директори  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар мавзӯи Истиқлоли сиёсӣ- таъмини пирӯзии миллат, мудири шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа Р.Ҳайдаров дар мавзӯи НБО — и Роғун ҳамчун омили геополитикии таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқ И.Буриев дар мавзӯи Масоили таърих, таъриф ва унсурҳои давлатдорӣ дар илми ҳуқуқ, муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Каримзода Карим Мазие дар мавзӯи Истиқлолиятхоҳӣ ва давлатдории миллӣ маърӯза карданд.
Кори конфронс дар бахшҳои фалсафаю сиёсатшиносӣ ва давлату ҳуқуқ идома ёфта, олимону унвонҷӯён бо муаррифӣ намудани манфиатҳо аз аҳамияти бузурги пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ ёдовар гардиданд. Ҳамчунин вобаста бо авзои сиёсии Осиёи Марказӣ дар иртибот бо омилҳои геополитикӣ ҳифз ва комил гардидани андешаҳои сиёсиву фалсафӣ баррасӣ шуданд.

Май 31, 2016 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид