Иваз кардани ному насаб ва номи падар бо истифодаи пасвандҳои тоҷикӣ ҳуқуқи ҳар шаҳрванд аст
Душанбе, 14.05.16 /АМИТ «Ховар»/. Чанд муддат аст, ки дар расонаҳои хабарӣ садоҳо атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи илова намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» баланд мешаванд. Мувофиқи қонуни мазкур, аз ин ба баъд шаҳрвандон наметавонанд бо пасвандҳои русии «ов», «ова», «ович» ва «овна» фарзандонашонро номгузорӣ намоянд. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала хабарнигори АМИТ «Ховар» ба муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳнозаи Анвар муроҷиат намуд.
Ховар: Дар Тоҷикистон бо назардошти анъана ва забону фарҳанг шакли номгузории тоҷикӣ ба расмият даромад. Мегуфтед, ки хусусиятҳои аслии фарқкунандаи ин раванд кадомҳоянд?
Нодирӣ Ш: Дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи нави муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ баромада, узви як зумра ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ гардида, санадҳои байналмилалии дуҷонибаву бисёрҷонибаро ба имзо расонид. Тоҷикистон то ба имрўз узви ҳафт санади умумиэътирофгардидаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад. Тибқи санадҳои байналмилалии эътирофгардидаи кишвар, истифодаи номи падар дар ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият ҳатмӣ намебошад. Масалан, тибқи моддаи 7 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак ва моддаи 24 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва гражданӣ ҳap як кўдак бояд баъди таваллудаш бетаъхир ба қайд гирифта шуда, ном ва шаҳрвандӣ дошта бошад.
15 марти соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Мувофиқи тағйиру иловаҳои воридгардида гузоштани ном ва дуруст навиштани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, урфу одатҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.
Дар аксар кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи маҳдуд намудани номгузории миллӣ васеъ истифода карда мешавад. Масалан, дар Дания рӯйхати 7000 номҳои иҷозатшуда амал мекунад. Дар Исландия аз соли 1991 «Кумитаи исландӣ оид ба номҳо» таъсис шудааст, ки аз мансабдорони дорои ваколати ба кўдакони навзод гузоштани номҳои нав иборат мебошад. Ҳамзамон дар Исландия ҳуҷҷат бо номи «Феҳристи миллии шахсон» амал мекунад ва агар дар он номе, ки падару модари кўдак пешниҳод менамоянд, вуҷуд надошта бошад, пас барои гузоштани чунин ном боҷи давлатӣ ситонида мешавад. Барои тасдиқи номи нав он бояд танҳо аз ҳарфҳои исландӣ иборат бошад, зеро ҳарфҳои исландӣ аз лотинӣ бо тобиш ба алифбои норвегии қадима такя намудааст. Дар қонуни Шветсия дар бораи номҳо гуфта мешавад, ки номҳое, ки нороҳатии шахсро эҷод мекунанд ва ё номҳое, ки бо сабабҳои гуногун ба номгузорӣ иртибот надоранд, сабти давлатӣ карда намешаванд. Дар Олмон тибқи талаботи муқарраргардида дар номи шаҳрвандон бояд унсурҳои муайянкунандаи ҷинсият мавҷуд бошанд, яъне ба духтарон гузоштани номҳои дорои хосияти ҷинси мард манъ аст. Дар баробари ин, номҳое, ки уқубати руҳии шахсро ба вуҷуд меоранд, низ манъ мебошанд. Дар Олмон, ки яке аз кишварҳои пешқадамтарин ба ҳисоб меравад, аз ҷониби падару модар ба кўдакон гузоштани номи ашёҳо ва амвол пурра маҳдуд карда шудааст.
Дар Португалия ба рӯйхати миллии номҳо диққати махсус дода мешавад. Масалан, ба кўдакон гузоштани номҳое, ки дар таркибашон ҳарфҳои португалӣ вуҷуд надоранд, пурра манъ гардида, тамоми номҳои хориҷӣ, новобаста аз шабоҳаташон ба номҳои португалӣ, манъ карда шудаанд.
Тағйиру иловаҳои номбурда ба моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгириии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо ифодаи «Номи шахс ва тартиби сабти насаб, ном ва номи падар» бо мақсади баргаштан ба фарҳанг, урфу одатҳои милливу таърихии сабти ном, насаб ва номи падар ворид карда шудаанд. Тағйиру иловаҳои номбурда ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқҳои шаҳрвандон, бахусус шаҳрвандон-намояндагони ақаллиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ном, насаб ва номи падар халалдор намесозанд. Ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба ном дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи анъанаҳои миллиашон кафолат дода мешавад. Тартиби навишти насаб, ном ва номи падари шаҳрвандон-намояндагони ақаллиятҳои миллӣ мутобиқи қоидаҳои имлои забони дахлдор амалӣ карда мешавад.
Тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 20 Қонуни номбурда ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном, инчунин номи падари ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ асоснок ҳуқуқ дорад. Қисми 3 моддаи номбурда муқаррар намудааст, ки насаби кўдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падар ё модар ва ё насаби аз номи падар ташаккулёфта сабт карда мешавад.
Тағйиру иловаҳои қаблан қайдгардида танҳо нисбат ба кўдакони навзод паҳн мегарданд. Барои шаҳрвандоне, ки соҳиби насаб ва номи падар бо иловаи пасвандҳои «-ов», «-ова», «-ович»,«-овна» мебошанд, тағйир додани насаб ва номи падар тибқи фарҳанг ва урфу одатҳои миллӣ ҳатмӣ нест, агар шаҳрванд бо розигии худ насабашро иваз накунад. Дар ин ҳолат меъёри нигоҳ доштани ному насаб ва номи падар бо истифодаи пасвандҳои номбурда ҳуқуқи шаҳрванд мебошад.
Ховар: Ном ва насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ бояд чӣ гуна шакл дошта бошад?
Нодирӣ Ш: Мутобиқи моддаи 20 Қонуни номбурда, насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насаби ў бо иловаи пасвандҳои насабсози -ҳ, -зод, -зода,-он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад аз номи падар ё решаи насаби падар ё модар бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад. Номи падар бо иловаи пасвандҳои ташаккулдиҳандаи -зод,-зода, — ёр, -ниё, -фар ва ё бе иловаи чунин пасвандҳо ташаккул меёбад.
Ба кўдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст.
Ховар: Сарусадоҳое, ки гӯё шаҳрвандони ном ва насаби миллидошта ҳангоми сафар ба берун аз кишвар бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, ҳақиқат доранд?
Нодирӣ Ш: То ба имрӯз ба Вазорати адлия ягон арз ва ё муроҷиат дар хусуси дучор шудани шаҳрвандон ба душворӣ зимни ворид гардидан ба дигар кишварҳои дунё дар иртибот ба ном ва насаби миллӣ ворид нагардидааст. Масалан, номи ман Нодирӣ Шаҳноза Анвар буда, дар ҷараёни фаъолияти худ ба хориҷи кишвар сафар менамоям ва дар мавриди ному насаби ман дар давлатҳои дигар, бахусус Федератсияи Русия ягон маротиба мушкилӣ эҷод нагардидааст.
Ба ақидаи Шаҳноза Анвар чунин мушкилот бо шаҳрвандоне эҷод мегардад, ки қаблан бо муаммои қонунгузории соҳаи муҳоҷирати Федератсияи Русия дучор гардидаанд.
Акбарзода Мавзуна Акбарӣ, як шаҳрванди пойтахт, истиқоматкунандаи кӯчаи Деҳотӣ 62, бо фарзанди сесолааш Бахтиёрӣ Мубин, ки дар таърихи 3 июли соли 2015 бо ҳавопаймои «Тоҷик эйр» аз тариқи хатсайри Душанбе -Маскав (фурудгоҳи Домодедово) ба Федератсияи Русия парвоз карда, 24 сентябри соли 2015 ба Ватан баргаштааст, мегӯяд: «Дар муддати иқомат дар ин кишвар ба шаҳрҳои Нижний Новгород ва Чебоксарӣ низ сафар намудам. Барои ном ва насаби миллӣ доштанам ба ягон мушкилот дучор нагардидаам».
Тибқи маълумоти шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ дар чор моҳи соли 2016 238 ҳазору 985 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки аз ин теъдод 209 ҳазору 788 нафари онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Аз ин шумора, дар ин муддат аз қаламрави Федератсияи Русия 2017 нафарашон ба ватан бозпас гардонида шуданд. Яке аз сабабҳои асосии бозпас гардонидани ин нафаронро ин ниҳод дар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ арзёбӣ намуд. Ба иттилои Хадамоти мазкур, то имрӯз бо сабаби насаб ва номи миллӣ доштан аз ягон кишвари хориҷӣ ягон нафар бозпас гардонида нашудааст ва дар ин бора ягон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва муроҷиат наовардааст.
Ёдовар мешавем, ки 13 январи соли 2016 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи бақайдгириидавлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ“ уан ронда, иброз дошта буд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунгузории муосир ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бурдани баъзе номутобиқатиҳои дохилӣ, инчунин ба танзим даровардани номгузории ба пояҳои таърихӣ ва фарҳангии миллии тоҷикӣ асосёфта, бо мақсади арчгузорӣ ба суннатҳо ва арзишҳои писандидаи фарҳанги миллӣ ва ниёгон, ҳамчунин пешгирии тамоюли номгузории ба фарҳанги миллии тоҷикии бегонаи душворфаҳм таҳия гардидааст.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида номувофиқатии дохилии моддаи қонунро оид ба тартиби сабти насаб, ном ва номи падарӣ бартараф менамояд.
Рустам Шоҳмурод ҳамчунин иброз намуда буд, ки тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар ИКАО (ICAO- International Civil Aviation Organization-Созмони байнлмилалии авиатияи гражданӣ) тасдиқ мегарданд, мувофиқанд. Тибқи шартҳои ИКАО дар ҳуҷҷатгузорӣ ду унсур- насаб ва ном ҳатмӣ аст ва он метавонад ҳамчунин унсури сеюм, яъне номи падарӣ дошта бошад.
Мавҷуда Анварӣ