Картер: неруҳои ИМА дар Афғонистон барои муддати тӯлонӣ боқӣ мемонанд
Душанбе, 26.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Ҳайати неруҳои ИМА дар Афғонистон кам карда мешавад, аммо дар ин кишвар, барои муддати тӯлонӣ боқӣ мемонад. Ин нақшаҳоро рӯзи чоршанбе Котиби мудофиаи ИМА Эштон Картер дар ҷараёни мулоқот бо низомиёни баҳрии Амрико дар шаҳри Нюпорт (иёлоти Род-Айленд) таъйид кард. Дар ин бора агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад.
«Нақшаҳои мо дар Афғонистон кам кардани шумораи умумии неруҳоро дар назар доранд. Вале мо он ҷо барои муддати дароз хоҳем монд», — таъкид намуд сарвари Пентагон.
Ӯ бовар кунонд, ки Амрико ва муттаҳидони он оид ба НАТО маблағгузории неруҳои амниятии Афғонистонро идома хоҳанд дод. «Мо дорои захираҳои молиявӣ ҳастем, ки минбаъд низ онҳоро таъмин менамоем. Иттифоқчиёни НАТО равшан карданд, ки онҳо низ ба маблағгузории неруҳои амниятии Афғонистон идома медиҳанд. Ин масъала ниҳоят муҳим аст», — гуфт Картер.
«Ва баъдан мо дар Афғонистон барои дастгирии неруҳои амниятӣ ва гузарондани амалиёти зиддитеррористӣ хоҳем монд.», — хулоса кард вазир.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






