Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба мушоҳидони байналмилалӣ изҳори сипос намуд

Май 23, 2016 11:11

Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ  «Ховар»/. Маъракаи муҳими сиёсии раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дирӯз, 22-юми майи соли равон аз соати 6-и субҳ то соати 20-и бегоҳ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардид, дар фазои орому осоишта гузашт. Дар ин бора  Бахтиёр Худоёрзода зимни брифинги Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ иттилоъ дода, таъкид намуд, ки иштироки фаъолонаи сокинони мамлакат дар ин маърака нишонаи ягонагиву муттаҳидии ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Бахтиёр Худоёрзода ба сокинони мамлакат, мушоҳидони байналмилалӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ барои иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ аз номи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ изҳори сипос намуд.
Хотиррасон мешавем, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиону 38 ҳазору 183 нафар раъйдиҳандагон иштирок намуда, аз ин шумора, ба ҷонибдории тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 814 ҳазору 477 нафар раъй додаанд, ки ин рақам 94,5%-ро ташкил медиҳад. 3,3% раъйдиҳандагон ба муқобили ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия овоз додаанд.

Май 23, 2016 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик