Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба мушоҳидони байналмилалӣ изҳори сипос намуд
Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маъракаи муҳими сиёсии раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дирӯз, 22-юми майи соли равон аз соати 6-и субҳ то соати 20-и бегоҳ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардид, дар фазои орому осоишта гузашт. Дар ин бора Бахтиёр Худоёрзода зимни брифинги Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ иттилоъ дода, таъкид намуд, ки иштироки фаъолонаи сокинони мамлакат дар ин маърака нишонаи ягонагиву муттаҳидии ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Бахтиёр Худоёрзода ба сокинони мамлакат, мушоҳидони байналмилалӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ барои иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ аз номи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ изҳори сипос намуд.
Хотиррасон мешавем, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиону 38 ҳазору 183 нафар раъйдиҳандагон иштирок намуда, аз ин шумора, ба ҷонибдории тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 814 ҳазору 477 нафар раъй додаанд, ки ин рақам 94,5%-ро ташкил медиҳад. 3,3% раъйдиҳандагон ба муқобили ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия овоз додаанд.








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






