Конфронси байналмилалӣ: «Адлияи муосири конститутсионӣ: хатарҳо ва дурнамо»

Май 24, 2016 15:58

Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 16-20 майи соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Адлияи муосири конститутсионӣ: хатарҳо ва дурнамо» ба муносибати 25-солагии таъсиси Суди конститутсионии Федератсияи Русия ва Форуми шашуми байналмилалии ҳуқуқии Петербург доир гардид. Дар конфронс  намояндагони мақомоти назорати конститутсионии ҷумҳуриҳои Австрия, Арманистон, Беларус, Белгия, Индонезия, Исроил, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Корея, Конфедератсияи Швейтсария, Олмон, Сербия, Узбекистон, Фаронса, Финландия, Ҳиндустон, Шоҳигарии Тайланд, Эстония ва дигар кишварҳо, ҳамчунин намояндагони Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, Комиссияи венетсиании Шӯрои Аврупо, Конфронси ҷаҳонӣ оид ба адолати суди конститутсионӣ, мақомоти ҳокимияти давлатии Федератсияи Русия, олимони соҳаи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд. Форуми VI байналмилалии ҳуқуқии Петербург низ дар сатҳи баланди омодагӣ бо иштироки беш аз севуним ҳазор намояндаи ҳаштод кишвари ҷаҳон доир гардида, дар он мавзӯъҳои мухталифи соҳаи ҳуқуқу сиёсат ва иқтисодиёту иҷтимоиёт бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир матраҳ гардиданд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ судяи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимзода намояндагӣ намуда, дар кори Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Адлияи конститутсионӣ-кафолати қонуният дар Тоҷикистон» маърӯза намуд.

Май 24, 2016 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад