Кормандони омор забонҳои муоширати байналмилалиро меомӯзанд
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандон курсҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ шурӯъ гардиданд.
Ҳадафи асосии курси мазкур омӯзонидан ва бозомӯзонидани мутахассисони мақомоти омор мебошад. Гузариш ба меъёрҳои байналмилалии ташаккули омори расмӣ бе донистани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ, ки ба қатори шаш забони ҷаҳонии қабулнамудаи СММ дохил мешаванд, ғайриимкон аст. Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» ҷалби ҳамкории дуҷониба бо мақомоти омори пешрафтаи ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст, ки забони муошират бо онҳо асосан англисӣ ва русӣ мебошад.
Бо кормандоне, ки барои бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд, шартномаҳои дутарафа ба имзо расонида мешаванд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






