Кормандони ВКД беш аз 100 ҳазор асъори қалбакии Федератсияи Русияро мусодира карданд

Май 23, 2016 11:55

Душанбе, 23.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ошхонаи Равшанҷон-и назди истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Хуҷанд, зани 46-солаи сокини шаҳри Панҷакентро бо гумони тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ дастгир намуданд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, дар вақти азназаргузаронии ҳамёни дастгиршуда аз дохили он 9 адад асъори қалбакии бонки Федератсияи Русия, ҷамъ ба маблағи умумии 45 ҳазор рубли Федератсия Россия дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳангоми ҳамсуҳбат шудан бо гумонбар маълум гардид, ки ӯ ин маблағҳоро соли 2015 аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардааст.
Инчунин дар ҷараёни тафтиши пешакӣ муайян гардид, ки номбурда 2 адад купюраҳои 5 ҳазор рублии қалбакии Федератсияи Русияро бар ивази 500 сомонӣ ба зани 44-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров додааст.
Номбурда ба ҳамсояаш,  марди 44-солаи сокини ш.Қайроққум, барои иваз намудани боқимонда маблағҳои қалбакии дар даст доштааш муроҷиат  намуда ва ба шахси мусоидаткунанда 50 ҳазор рубли қалбакии Федератсияи Русияро пешниҳод намудааст.
Ҷамъи маблағҳои гирифташуда- 21 адад  асъори қалбакӣ, яъне 105 ҳазор рубли Федератсияи Русияро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумотномаи ташхисӣ, маблағҳои гирифташуда қалбакӣ мебошанд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Май 23, 2016 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад