Кормандони ВКД шаҳрванди ҶИА-ро бо беш аз 40 кило маводи мухаддир дастгир намуданд

Май 30, 2016 10:53

Душанбе, 30.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир намуданд.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад,  ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, марди 52-солаи сокини шаҳри Кобул, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир гардид, ки гумонбаршуда, бо маслиҳати пешакӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҳаммаслаконаш маводи мухаддирро пинҳон кардаанд.
Дар вақти гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ аз мавзеи пинҳонкардашудаи ҷинояткорон 40 килою 600 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Барои муайян ва дастгир кардани ҳаммаслакони гумонбаршуда чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Май 30, 2016 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад