Котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ ба Тоҷикистон меояд

Май 20, 2016 12:02

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ Ховар/. 9-11 июни соли равон Котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд,  дар ҷараёни он ӯ бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои туристӣ, намояндагони меҳмонхонаҳо, донишҷӯёни риштаи туризм вохӯрӣ менамояд.
Ҳамзамон тибқи барнома аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати иштирок дар фестивали фарҳангию сайёҳии Боми ҷаҳон,  вилояти Суғд, қалъаи Ҳисор, дараи Варзоб, Боғи Ирами пойтахт, Кохи Наврӯз ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон боздид ба амал меорад.
Ҳадафи аслии сафар ташвиқу тарғиб, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба иқтидори туристии Тоҷикистон, омӯзонидани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва иштирок дар ҷараёни ҳалли масоили рӯзмарраи соҳа, ташаккулдиҳӣ ва дар оянда мустаҳкам кардани нуфузи  ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари туристӣ, ба роҳ мондани равобити бештару беҳтари мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии туристӣ ва дигар  аъзои комилҳуқуқи ин Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2007 ба узвияти Ассаблеяи Генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ пазируфта шуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ин Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ҳаққи узвият  месупорад.
Узвияти Тоҷикистон дар ин Созмон барои рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳлилҳои маркетингӣ ва ворид шудани соҳаи туризми кишвар ба бозори ҷаҳонии туристӣ заминаи воқеӣ гузошта истодааст.
Хотиррасон менамоем, ки ин дувумин сафари Рифоӣ ба Тоҷикистон аст. Ӯ қаблан моҳи майи соли 2010 бо нахустин сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи туристӣ ва шарики боэътимоди ин Созмон эълон намуда, дар шабакаҳои ҷаҳонии туристӣ муносибати роҳбарияти олии сиёсии кишварро оид ба нақшаҳо баҳри рушди минбаъдаи соҳаи туризм ҳамчун нишонаи сатҳи олии касбӣ арзёбӣ дорад.
Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти Созмони ҷаҳонии туристиро бештар фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ барои рушди туризми фарҳангию таърихӣ, иқтидори бойи табиӣ ҷиҳати пешрафти туризми экологӣ ва имкониятҳои машғулият бо намудҳои фаъоли истироҳат дар ҷодаи инкишофи туризми варзишию кӯҳнавардӣ ва муносибати некхоҳонаи аҳолии Тоҷикистон муттаҳайир кардааст. Бо назардошти иқтидори бойи туристии мамлакат ӯ мӯътақид аст, ки ояндаи туризм дар Тоҷикистон дурахшон аст.
Бо талошҳои пайваста ва босамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони ҷаҳонии туристӣ дар як гузориши тозаи худ Тоҷикистонро дар соли 2015 дуюмин кишвар дар дунё эълон намуд, ки туризмаш дар ҳоли рушд мебошад. Ин бори аввал нест, ки соҳаи туризми Тоҷикистон дар гузоришҳои иттиллотии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро ишғол менамояд.
Тибқи иттилои бахши форсии шабакаи бонуфузи «Би-Би-Си» (Британияи Кабир), моҳи феврали соли 2012 ҳангоми раъйпурсии навбатӣ байни хонандагони маҷаллаи байналмилалии «Вондерлост»-и ин мамлакат, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди туристон эътироф шудааст.
Моҳи марти соли 2013 аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum), ки ташкилоти бонуфузтарини ҷаҳонӣ оид ба таҳлил ва баҳогузории фаъолияти иқтисодии кишварҳо ба ҳисоб меравад, бо 4 зина баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон, он аз зинаи 118-уми соли 2011 ба 114 дар соли 2013 баромад. Коршиносони байналмилалӣ сиёсати пешгирифтаи 140 кишвари ҷаҳонро дар самти Саёҳат ва туризм мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, Тоҷикистонро ҳамчун самти туристии ояндадор арзёбӣ намуданд.
Сомонаи интернетии Globe Spots, ки туристони мустақилро муттаҳид мекунад, Тоҷикистонро дар сархати кишварҳои ҷолиб барои туристони саргузаштӣдар соли 2014 қарор додааст.
Ба иттилои Globe Spots Тоҷикистон баъди кишвари Малта дуюмин кишварест, ки барои туристони саргузаштӣ хеле мусоид мебошад.
Ҳамзамон нашри русии маҷаллаи маъруфи National Geographic, ки рӯзи 28 феврали соли 2016 ба табъ расид, шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро дар байни 10 роҳи зеботарини дунё дар ҷойи дувум гузоштааст.
Дар манбаъҳои гуногуни иттилоотии сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани имкониятҳои туристии Тоҷикистон, дар оянда барои ташрифи гурӯҳҳои нави туристӣ ба кишвар мусоидат хоҳад кард.

Май 20, 2016 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад