Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун»
Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор шуд, ки дар кори он аъзои Шӯрои нозирон, саҳмдорони ҷамъият аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, роҳбарияти нерӯгоҳ ва намояндагони мақомоти назоратии ҶСК «НБО Роғун» иштирок намуданд.
Мувофиқ ба низомномаи маҷлисҳои умумии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» ҷаласаи солона таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» Қоҳир Расулзода баргузор гардид.
Баъди шунидани ҳисоботи солона ва ҳисоботи баҳисобгирии муҳосибавии ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2015, хулосаи аудитори ҷамъият ва ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ дар маҷлиси умумии саҳмдорон тариқи овоздиҳӣ ба оинномаи ҶСК «НБО Роғун» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, доир ба интихоби аъзои Шӯрои нозирон, комиссияи тафтишотӣ, комиссияи баҳисобгирии ҶСК «НБО Роғун» ва дар хусуси зиёд намудани сармояи оиномавии ҷамъияти саҳомӣ тариқи варақаҳо овоздиҳӣ гузаронида шуд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






