«Ман худам овоз медиҳам» — ҳамоиши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

Май 18, 2016 15:04

Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 16 майи соли равон дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ман худам овоз медиҳам» ҳамоиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Бобоева оид ба  зарурати ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки рушди босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Ин тағйироти Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд.
Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Абдулло Раҳмонзода оид ба иштироки ҷавонон дар маъракаи муҳими сиёсӣ зикр намуд, ки Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмиллалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст. Абдулло Раҳмонзода оид ба гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки пеши роҳи ин амалҳо аз ҷониби худи ҷавонон бояд гирифта шавад.
Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе Аббосиддин Саймуддинов аз  ҷавонони баору номуси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати иштироки онҳо дар чорабиниҳои сатҳи пойтахт ва ташаббусҳои неки онҳо барои  бартараф намудани мушкилоти ҷавонон дар ҷомеа изҳори хушҳолӣ намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҳисоби ҷавонони фаъоли ноҳия гурӯҳи таблиғотӣ таъсис дода шуд, ки ҳамарӯза дар маҳаллаву хиёбонҳо ва бозорҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ маводи таблиғотӣ тақсим хоҳанд кард.

Май 18, 2016 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад