Масрурро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Май 25, 2016 15:38

Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Масрур Давлатови  20 сола, рўзи 24 май  дар дарёи Сир ҳангоми оббозӣ ба ҳолати ғарқшавӣ дучор шуд.
Баъди гирифтани хабари фаврӣ, наҷотдиҳандагони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд, ки дар наздикии ин мавзеъ гурўҳи навбатдорӣ ташкил намудаанд, ба ҷойи ҳодиса сафарбар гаштанд. Ғаввосони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд бо истифода аз лавозимоти соҳавӣ зери об даромада, бо кӯшишу заҳматҳои зиёд, аз ҳолати ғарқшавӣ истиқоматкунандаи деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ Масрур Давлатовро наҷот медиҳанд.
Наҷотдиҳанда Динис Волнишков, ки яке аз ғаввосони фаъоли Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри  Хуҷанд мебошад, Масрурро аз ғарқшавӣ наҷот дод.  Ба иттилои сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд полковник Баҳром Додов, ҳамасола дар ин мавзеъ даҳҳо нафар ба ҳолати ғарқшавӣ дучор мегарданд ва маҳз аз ин лиҳоз ташкили гурўҳӣ навбатдорӣ дар мавзеъ пеши роҳи ҳодисаҳои нохуши ғарқшавиро мегирад.

Май 25, 2016 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад