Мавзуна Чориева ҳарифи худ аз Тайванро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохт
Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мавзуна Чориева, варзишгари шӯҳратёри тоҷик дар риштаи бокс дар даври аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба ин намуди варзиш, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар ҷараён аст, аввалин ҳарифи худ Вен-Линг Ченро аз Тайван бо бартарии 3:0 ба мағлубият рӯ ба рӯ кард.
Барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон Мавзуна Чориева дар вазни 60 кг ният дорад дар охирин мусобиқае, ки роҳхат-литсензияро ба бозиҳои олимпии РИО-2016 медиҳад, ба пирӯзӣ комёб шавад. Рақиби навбатии муштзани тоҷик Яна Алексеевна аз Озарбойҷон мебошад, ки шоми 21 май бо ҳам вориди майдон мешаванд.
Дар ин вазн 47 нафар муддаиён барои медалҳо мубориза мебаранд. Намояндаи дигари кишварамон Шоира Зулқайнарова дар вохӯрии нахустинаш дар вазни 75 кг аз Сараҳ Шеурих аз Олмон ба нокомӣ дучор шуд ва ҳуқуқи идома додани мусобиқаро аз даст дод. Охирин шонси ба даст овардани роҳхат ба бозиҳои олимпии Рио-2016 барои Шоира аз даст рафт.
Ёдрас мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон 285 варзишгар аз 65 давлат иштирок доранд ва он то 27 май идома меёбад.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






