Моҳияти раъйпурсии умумихалқӣ

Май 2, 2016 12:02

Душанбе, 02.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Вазорати адлияи ҶТ, Комиссияи марказӣ оид ба интихобот ва раъйпурсии ҶТ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо аҳли омӯзгорону донишҷӯёни ДМИТ доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, дар вохӯрӣ перомуни аҳамият, моҳият ва зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар сухан гуфта, зикр намуданд, ки дар ҷараёни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлатдории мустақил таҷрибаи кофии ташкили низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ андӯхта мешавад ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дарк менамояд, ки заминаҳои ин низом бояд мукаммал гардонида шаванд. Чунин даркнамоӣ аз инкишофи ҷомеа дарак дода, худи инкишоф ба баланд бардоштани дарки масъулияти шаҳрвандӣ низ мусоидат менамояд. Бинобар ин пешравӣ, инкишоф, ноилшавӣ ба рушди устувор бо мукаммал гардонидани Конститутсия санади заминасози давлатдорӣ ва муайянкунандаи асосҳои рафтору муносибатҳо дар доираи ин давлатдорӣ мебошад.
Раъйпурсӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия яке аз аломатҳои барҷастаи ҷомеаи демократӣ буда, ширкати фаъолонаи мардум дар ин маъракаи муҳим нишонаи иттиҳоду якдилии аҳли ҷомеа дониста мешавад.

Май 2, 2016 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад