“Мо зинда аз онем, ки дар саҳна бимонем”, “Кӯдакиро аз кӯдакон нагирем” — шарҳи матбуот

Май 26, 2016 15:11

Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. “Мо медонем, ки дар зиндагии ҷомеа ва ҳаёти кишварамон ҳанӯз ҳам мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб мавҷуданд. Лекин ман ба азму иродаи мустаҳкам, нияти неку хиради азалии мардуми солору сарбаланди тоҷик итминони комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки мо – фарзандони ин сарзамини муқаддасу бостонӣ дар якҷоягӣ мушкилоти мавҷударо бартараф карда, Тоҷикистони маҳбубамонро ба як мулки ободу пешрафта табдил медиҳем” – бо ҳамин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи навбатии “Ҷумҳурият” (№96, 20.05.2016) аз чоп баромадааст. Дар шумораи мазкури нашрия матни фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйироти кадрӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, матни қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид кардани як қатор тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд.

“Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи душанбе (23.05.2016, №98) аз иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи муҳими сиёсӣ — раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш чоп карда, паёми Сарвари давлатро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарлавҳаи “Пешвои миллат: Ба ҷавонони саодатманд бовар дорам” пешкаши хонандагон кардааст. Дар ҳамин шумораи нашрия матни қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои зерин “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи боҷи давлатӣ”, “Дар бораи рӯзҳои ид”, “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбои омма” чоп шудаанд.

Шумораи навбатии “Ҷумҳурият” (25.05.2016, №99) дар бораи аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шудани вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев дар Қасри миллат хабари муфассал чоп карда, мақолаи Д. Рӯзиевро бо сарлавҳаи “Гунаҳгорон ҷазои сазовор хоҳанд гирифт”, ки аз бархӯрд ва тадбирҳои фаврии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба задухӯрди оммавии дар қабристони Ховани шаҳри Маскав рӯйдода нақл мекунад, пешкаши хонандагон намудааст. Муаллиф навиштааст: “Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 май вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев оид ба ин ҳодиса ду маротиба гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории муштараки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, мубодилаи ахбор оид ба ҷинояткорон ва дидани чораҳои якҷояи оперативӣ-ҷустуҷӯиро дар меҳвари гуфтугӯ қарор доданд”.

Муҳтавои шумораи имрӯзаи “Ҷумҳурият” (26.05.2016, №100) аз хабару мақолаҳои “Пешвои миллат ва ҳуввияти миллӣ”, “Даври аввали мусобиқа дар Сарбанд ҷамъбаст гардид”, “Тоҷикистон аз шарикони боэътимоди Олмон“, “Забондонӣ ва фарҳанги муошират”, “Кор ҳасту коргар нест”, “Одатҳои шахшуда”, “Фарҳанги ғайримоддӣ“ иборат ёфтааст.

“Садои мардум” (24.05.2016,№67) Паёми табрикии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон бо сарлавҳаи “Ҳукумат ба неруи ҷавонон эътимод дорад” чоп намуда, аз баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дар ин ҷаласа муҳокимашуда хабари муфассал нашр кардааст.

Шумораи имрӯзаи “Садои мардум” (26.05.2016,№68) аз хабару гузоришҳо ва мақолаҳо дар бораи “Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх”, “Арабистони Саудӣ дар бунёди Маҷмааи парламентӣ саҳм мегузорад”, “Баррасии муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ” иборат ёфта, ҳамчунин дар ин шумораи нашрия мусоҳиба бо раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед чоп шудааст. Мусоҳиб аз омодагиҳои вилоят ба тантанаҳои ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳадати миллӣ дар Бадахшон нақл карда, иттилоъ медиҳад, ки дар арафаи ҷашни ҷумҳуриявӣ дар ҳудуди  вилоят 201 иншоот ба маблағи 490 миллион сомонӣ бунёд шуда, дар хизмати сокинони Бадахшон қарор дода мешаванд.

Нашрияи русзабони “Народная газета” (25.05.2016, №22) дар хусуси раиси Комиссияи иҷтимоӣ-иқтисодии СММ барои кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ба муддати як сол интихоб шудани  Тоҷикистон хабар чоп намудааст. “Шаҳринав: навгониҳо дар диёри куҳан” – таҳти ҳамин унвон мусоҳибаи нашрия бо раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло Аюбзода нашр шуда, ҳамчунин мақолаи таърихии “Ёдоварӣ аз шӯриш” (шӯриши мардумони Осиёи Миёна алайҳи Русияи подшоҳӣ дар соли 1916) пешкаши хонандагон шудааст. “Народная газета” дар шумораи навбатӣ аз ҳаёти сиёсӣ, иқтсодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзишии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Узбекистон хабарҳо чоп кардааст.

Ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” – нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои “Зулми ДИИШ болои занҳо”, “Мо зинда аз онем, ки дар саҳна бимонем”, “Кӯдакиро аз кӯдакон нагирем” ва мусоҳибаи хабарнигори нашрияро бо устоди Донишкадаи давлати забонҳои Тоҷикистон Шодибек Собирӣ бо сарлавҳаи “Оқибати ноогоҳӣ гумроҳист” пешкаши мухлисон намудааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон “Адабиёт ва санъат” аз баргузор шудани маҷлиси раёсати Иттифоқи нависандагон ва маҷлиси садорати Иттифоқи нависандагон хабар нашр карда, иттилоъ додааст, ки дар ҷаласаи навбатӣ барои омӯзишу таҳлили осори аъзои иттифоқ ва муайян намудани сатҳи касбии онҳо комиссияи махсус ташкил ва дар маҷлиси садорати Иттифоқи нависандагон маърӯзаи Низом Қосим дар мавзӯи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи адабиёти замони истиқлол” шунида шуд. Дар саҳифаи насри нашрия ҳикояи Маҷид Салим “Зан ва бабр”, дар саҳифаи адабиёти ҷаҳон ҳикояи нависандаи Ҳинд Премчанд “Шафоати зан” ва дар саҳифаи пажӯҳиш мақолаи М.Аҷамӣ “Муноҷоте чунин дар дафтаре нест” (оид ба шеърҳои Лоиқ Шералӣ) пешкаши мухлисон шудаанд. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон, ки ҳар сол 1 июн дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, шеъру ҳикояҳои хурди Юсуфҷон Аҳмадзода ва Муродалӣ Собир нашр шуданд.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар ҳошияи мақолаи С.Ятимов “Равоншиноси ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ” андешаҳои доктори илмҳои филология Назрӣ Офаридаевро бо сарлавҳаи “Зарурат ба шахсият ва се омили муайянкунандаи он” чоп кардааст. Муаллиф навиштааст: “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ аз марзи шахсияти миллӣ берун баромада, аллакай чун шахсияти сатҳи байналмилалӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳон давлати ҷавони тоҷик ба чунин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ниёз дорад. Дар таҳкими пояҳо ва устуворсозии бунёди давлати миллӣ маҳз Пешвои миллат чи дар арсаи дохилӣ ва чи дар арсаи байналмилалӣ рисолати таърихиро иҷро мекунад”. Нашрия ҳамчунин аз баргузор шудани намоиш-маҳсулоти Покистон, ки рӯзҳои 24-25 май дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ Душанбе” баргузор гардида буд, гузориш нашр карда, масъалагузорӣ намудааст, ки “Кадом омилҳо монеаи рушди тиҷоратии Тоҷикистону Покистон мешаванд”.

Ҳафтаномаи “Фараж” мақолаҳои “Ҳамлаи 391”, “Сарнавишти таҳмилӣ”, “Раводид”, “Зиёӣ ва рисолатмандии иҷтимоӣ”, “Зани тоҷик намуна ба занҳои ҷаҳон буд” ва дигар навиштаҳои ҷолибро пешкаши хонандагон кардааст. Муаллифи мақолаи “Зани тоҷик намуна ба занҳои ҷаҳон буд” навиштааст: “Нафаре, ки аз фарҳанги миллии хеш бегона аст, ӯро шахси комилу созанда гуфтан хатост, зеро бузургтарин вазифаи мо эҳтиром гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва намуна шудан ба ояндагон аст. Кадом зани аврупоиву амрикоӣ либоси миллии моро ба бар мекунад? Ҳеҷ кадом, зеро онҳо эҳтиром гузоштан ба фарҳанги миллиро шиори хеш қарор додаанд”.

Ҳафтаномаи “СССР” таҳти рубрикаи “Мо ва музофоти мо” мушоҳидаҳои хабарнигори хеш Мину Аминзодаро зимни сафар аз Душанбе ба шаҳри Қурғонтеппа нашр ва “беназмӣ, ифлосӣ, бадбӯӣ ва бемасъулиятӣ” дар терминали Қурғонтеппаро тасвир кардааст. Ҳамчунин муаллиф аз ҷой доштани рақобат миёни ду бозори шаҳри Қурғонтеппа: бозори “Ҳоҷӣ Шариф” ва бозори “Фаровон” изҳори андеша карда, навиштааст: “бигузор чунин бошад, зеро маҳз рақобат ва он ҳам агар солим бошад, бартарияти ин ё он бозорро маълум месозад”. Мақолаи дигари ҳафтанома дар мавзӯи ноком шудани варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ ва роҳ наёфтани онҳо ба Олимпиадаи ХХХI, ки тобистони имсол дар Бразилия баргузор мегардад, навишта шудааст. Муаллиф аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки то имрӯз танҳо як нафар варзишгари тоҷик Дилшод Назаров роҳхат ба Олимпиадаро дастрас кардааст, ҳол он ки 51 варзишгари Узбекистон, 12 варзишгари Қирғизистон, 100 варзишгари Қазоқистон аллакай барои иштирок дар Олимпиадаи имсола роҳхат гирифтаанд…

“Минбари халқ” — нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таҳти сарлавҳаи “Ба ояндаи худ раъй додем” аз натиҷаҳои пешакии маъракаи муҳими сиёсӣ – раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ эълон карда буд, ҳамчунин аз изҳороти матбуотии роҳбари ҳайати мушоҳидон аз Созмони Ҳамкории Шанхай гузориши муфассал нашр кардааст. Муовини котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Ван Кайвэн раъпурсии умумихалқиро шаффоф, озод ва қонунӣ эътироф кардааст. Нашрия хамчунин дигар хабару мақолаҳои ҷолибро, ки инъикосгари паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мебошанд, пешкаши хонандагон кардааст.

Май 26, 2016 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 4901 гектар шолӣ кишт намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ҳамкориро бо Вазорати саноат ва сохтмони Қазоқистон густариш медиҳанд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Суғд 91 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар Афғонистон 1,4 миллион духтар аз таҳсил дар мактаб дур мондаанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Пагоҳ дар Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад
«Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Афғонистон ба занон сурудхонӣ ва қироат бо садои баланд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шуд
Дар ноҳияи Ванҷ бахшида ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид