Муаллифи беҳтарин тарҳи ангоравиро 25 000 сомонӣ интизор аст

Май 25, 2016 15:41

Душанбе, 25.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, барои таҳияи беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» бо азнавсозии он озмуни кушод эълон менамояд.
Дар озмун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ  иштирок карда  метавонанд.   Муаллифони  тарҳи ангоравӣ бояд  дар лоиҳаи пешниҳоднамудаи худ  ба озмун даромадгоҳи асосӣ аз қисмати кӯчаи Н.Қарабоев, бо бартарафсозии марказҳои савдои  «Ганҷина», «Панҷшер» ва биноҳои атрофи он, васеътар банақшагирии масоҳати майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи «Дӯстии халқҳо» -ро пешбинӣ намоянд. Инчунин ҷойгиркунонии маҷмааи  меъмории рамзи «Истиқлол»  ва инфрасохтори онро ба инобат гиранд. Инфрасохтори боғ аз минтақаи истироҳату фароғати кӯдакон ва калонсолон бо инобати истифодаи табиати маҳал, шаклҳои хурди меъморӣ, нуқтаю дӯкончаҳо, аттраксионҳо, майдончаҳои бозии кӯдакон ва варзишии наврасон, аквапарк, чойхона, гӯшаи фарҳангӣ ва намунавии ёдгории меъморӣ бо истифода аз санъати меъмории Самарқанду девори Бухоро, бо ҷойгиронии растаҳои хурди ҳунарҳои мардумӣ, гулгашт ва ҳавзҳои шиноварӣ иборат аст .
Озмун дар як давра гузаронида шуда, то 23 июл идома меёбад. Муаллифи беҳтарин лоиҳаи ангоравиро 25 000 сомонӣ интизор аст.

Май 25, 2016 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад